Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон захираи бузурги маъданҳо ошкор шудааст


Геологҳо ё заминшиносҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба маблағи як триллион доллар захираи маъданҳоро ошкор карданд. Дар ин бора рӯзномаи New York Times бо такя ба як гузориши вижаи мутахассисон барои Пентагон хабар додааст. Гуфта мешавад, дар Афғонистон, аз ҷумла, захираи бузурги литий пайдо шудааст, ки дар тавлиди компутарҳо ва телефонҳои ҳамроҳ истифода мешавад. Бар пояи ин гузориш, дар Афғонистон ҳамчунин захираи бузурги оҳан, мис ва тилло мавҷуд аст. Ба гуфтаи мутахассисон, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани ин конҳо ба рушди босуръати иқтисодии Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG