Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх теъдоди фирориён аз Ӯшро аниқ мекунад


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх барои дақиқ кардани теъдоди ӯзбактабороне талош дорад, ки бар асари нооромиҳо ва таъқибу фишор манотиқи ҷанубии Қирғизистонро тарк намудаанд. Анна Нелсон, намояндаи дафтари ин кумита дар шаҳри Ӯш гуфт, ки "алҳол барои мо эълони рақамҳои дақиқ мушкил аст. Дар ин ҷо дар бораи ҳазорҳо фирориҳо ҳарф мезананд. Мо якҷоя бо дигар созмонҳо, аз ҷумла, Салиби Сурхи Ӯзбакистон, талош дорем шумораи аниқи онҳо дар бахши ӯзбакистонии марзро маълум кунем, то бифаҳмем, ки чӣ теъдод одамон маҷбур шудаанд манзилҳои худро тарк намоянд".
Дар изҳороти ахири Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар робита ба авзоъ дар ҷануби Қирғизистон гуфта шудааст, ки ӯзбактаборҳои ин минтақа мавриди таъқибу фишор ва хушунати шадид қарор доранд. Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Қирғизистон, бар асари задухӯрдҳои рӯзҳои ахир дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод 117 нафар кушта ва тақрибан 1500 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Мақомоти Ӯзбакистон, ки марзҳои худро ба рӯи фирориёни кушодаанд, дар бораи кишвари ҳамсояро тарк кардани даҳҳо ҳазор ӯзбактаборҳо хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG