Пайвандҳои дастрасӣ

СПАД нерӯҳои посдори сулҳро ба Қирғизистон мефиристад?


Имрӯз ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар як нишасти изтирории машваратӣ дар шаҳри Маскав авзоъ дар Қирғизистонро баҳсу баррасӣ мекунанд. Ба иттилоъи расмӣ, ба рӯзномаи нишасти котибони Шӯрои СПАД мавзӯъҳои марбут ба ҷустуҷӯи роҳҳои эҳёи сулҳу субот дар Қирғизистон ва имкони интиқоли нерӯҳои посдори сулҳ ба ин кишвар ворид шудааст. Дар нишасти машваратӣ намояндагони ҳукумати муваққати Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
Ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG