Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон зимни нашри баёнияе гуфтааст, шаҳрвандони ин кишвар дар бенизомиҳои ҷануби Қирғизистон даст надоранд.

Тоҷикистон аз авзои пешомада дар кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ намуда, умедвори ҳалли сареъи муноқиша шудааст.

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба сурати маъмулӣ фаъол аст ва кормандони сафорат талош мекунанд, ба шаҳрвандони Тоҷикистон бифаҳмонанд, ки дар вазъияти ба вуҷудомада дар Қирғизистон ба иғво дода нашаванд.

Ҳамзамон тибқи хабарҳои расида аз Қирғизистон, сафорати Тоҷикистон дар Бишкек барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишвари хушунатзадаи ҳамсоя як ситоди махсус таъсис додааст.

Масъулини ин ситод бо интишори нишонӣ ва рақамҳои тамос аз тоҷикистониёни сокини шаҳри Бишкек, вилоятҳои Ош, Ҷалолобод ва Бодканд дархост кардаанд, ки барои бозгашт ба ватан ба онҳо муроҷиат кунанд. Шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишварро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Боздошти як роҳбари бенизомиҳо дар Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон имрӯз эълон карданд, як тан аз роҳандозони беназмиҳои ҷануби кишварро боздоштаанд. Гуфта мешавад, ин шахс аз сиёсатмадорони саршиноси ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, вале ба хотири халал ворид нашудан ба идомаи тафтишот номи ӯ феълан бурда намешавад.

Гуфта шуд, ки шоми рӯзи душанбе сӯҳбат бо ин нафари боздоштшуда аз тариқи шабакаи аввали телевизиони ҷумҳурӣ пахш хоҳад шуд.

Қуватбек Бойболов, ноиби аввали раиси хадамоти амнияот ва коменданти шаҳри Ҷалолобод ба Озодӣ гуфт, ин шахс дар таъсиси беназмиҳо даст доштани як гурӯҳ намояндагони ҳукумати марказиро низ таъкид кардааст.

Ба таъкиди Қуватбек Бойболов дар муқобили ин шахс парвандаи ҷиноӣ боз шуда вай дар таъсиси беназмиҳо ва сарнагун сохтани ҳукумати муваққатӣ аз роҳи зӯрӣ муттаҳам хоҳад шуд.

Тибқи як хабари дигар, ки онро мақомоти Бишкек таъйид ё такзиб накардаанд, ду нафар аз таъсисгарони ин беназмиҳо дар вилояти Ӯш боздошт шудаанд ва дар раёсати умури дохилаи вилояти Ӯш мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд. Гуфта мешавад, онҳо эътироф кардаанд, ки барои таъсиси ин беназмиҳо ва қатлу куштори одамони осуда ба онҳо подоши калони пулӣ додаанд.

Авзоъ ҳамчунон муташанниҷ аст


Авзоъ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон дар маҷмӯъ муташанниҷ боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи Бақитбек Олимбеков, коменданти шаҳри Ӯш, зимни як амалиёт дар мавриди халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қаросӯ ба ҳалокат расид. Ноҳияҳои Қаросӯ ва Аравон, минтақаи Фурқати шаҳри Ӯш ва баъзе минтақаҳои ноҳияи Қаросӯ, таҳти назорати нерӯҳои низомӣ гирифта шудааст.

Ба гуфтаи Бақитбек Олимбеков ду ҳазор кормандони ҳуқуқ ва тартибот дар шаҳри Ӯш ва атрофи он вазъиятро зери назорат гирифтаанд.
Шабакаи аввали телевизиони Қирғизистон эълон кард, ки баталйони 31-уми қисми десантии нерӯҳои ҳавоии Русия ба пойгоҳи низомии ин кишвар дар шаҳраки Кант, 25 километрии шаҳри Бишкек, интиқол ёфт ва ин баталйон иншоотҳои низомии Русия ва аъзои хонаводаҳои низомиёни русро ҳифз хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти расмӣ шумораи қурбониёни задухӯрдҳои се шабонарӯзи ахир дар минтақаи ҷануби Қирғизистон ба 117 нафар ва захмиён аз якуним ҳазор нафар беш аст.

Аммо баъзе манбаъҳои мустақил шумори қурбониёнро аз ду ҳазор беш арзёбӣ мекунанд.



Нигаронии Салиби Сурх аз ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон

Салиби Сурхи Байналмиллалӣ ҳушдор дод, ки баъд аз чанд рӯзи даргирӣ миёни аҳолии қирғиз ва узбактабори Қирғизистон вазъи башарӣ дар ҷануби ин кишвар мутташанниҷ шудааст.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти расмӣ барои муттаваққиф сохтани нооромиҳо тадобири кофии мушаххас намеандешанд. Дар изҳороти Салиби Сурхи Байналмиллалӣ дар Қирғизистон омадааст, кормандони онҳо дар Ӯш дидаанд, ки дар қабристони Ӯш тақрибан 100 нафарро ба хок супурдаанд ва барои шиносоии онҳо коре намекунанд, ки он нигарониҳоро ба бор овардааст.

Фирори ҳазорон узбак аз Қирғизистон

Узбакистон мегӯяд, даҳҳо ҳазор паноҳҷӯ дар пайи низоъҳои хунини қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, кишварро тарк мекунанд ва вориди Узбакистон мешаванд.

Бино ба хабарҳо, ҳукумати муваққати Қирғизистон барои фурӯ нишондани низоъҳои қавмӣ дар ҷануби кишвар нирӯҳои изофии захиравиро эъзом карда, дирӯз ба нирӯҳои амниятӣ иҷозат дод, то таҳрикгарони ошӯбҳоро бипарронанд.

Ҳукумати муваққат ҳамин тавр, дар тамоми вилояти Ҷалолобод низ қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардааст.

The Human Rights Watch, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар, мегӯяд, зоҳиран мусаллаҳони қирғиз маҳалли сукунати узбакҳоро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд ва шумори зиёди манзилҳову дӯконҳо ва ошхонаҳои марбут ба узбакҳо ба коми оташ кашонида шудааст.

Боқиев: Дар ҳаводиси хунбори Ӯш даст надорам

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон ҳар навъ даст доштанаш дар низоъҳои ахири қавмӣ дар ҷануби ин кишварро, радд кард.

Боқиев дар изҳороташ гузоришҳои нашршуда дар бораи даст доштани ӯ дар ин ҳаводисро “дурӯғи бешармона” ва ҳукумати муваққатро, ки ӯро дар моҳи апрел аз қудрат барканор карда буд, масъули ин ошӯбҳо унвон кард.

Боқиев, ки зодаи ҷануби феълан ошӯбзадаи Қирғизистон аст, дар пайи барканориаш дар Беларус паноҳ бурдааст. Ҳукумати муваққати Қирғизистон ҷонибдорони Боқиевро дар таҳрик додани ошӯбгарон муттаҳам мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG