Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Белгия ҳизби ҷудоихоҳон пирӯз шуд


Дар Белгия дар интихоботи порламонӣ ҳизбе, ки аз истиқлоли қисмати аҳолии голландизабони ин кишвар ҳимоят мекунад, пирӯзӣ ба даст овардааст. Аз 150 курсии порламон Эътилофи Нави Фламандӣ 27 курсиро аз они худ кардааст. Бори нахуст дар Белгия ҳизбе, ки хостори пароканда шудани ин кишвар аст, пирӯзӣ ба даст овардааст. Ин ҳизб мегӯяд, Белгия бояд ба ду кишвар тақсим шавад, яъне қисмати шимолии голланлдизабон ва қисмати ҷанубии фаронсавизабон. Дар чунин ҳолат ҳизби ғолиб бояд бо ҳизбҳои дигар эътилоф ташкил кунад. Ҳизби сотсиалистҳо низ дар ҷануб 26 курсӣ ба даст овардааст ва он ҳам метавонад эътилоф ташкил кунад. Бино ба гузоришҳо, музокирот роҷеъ ба ташкили эътилоф мумкин аст ҳафтаҳо идома ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG