Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил худаш ба ҳамлаи нируҳояш расидагӣ мекунад


Исроил эълон кардааст, ки ба ҳамлаи маргбори нируҳои дарёиаш ба корвони кӯмакҳои башарӣ ба Навори Ғаза бозрасии худро анҷом хоҳад дод. Дафтари Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил гуфт, имрӯз 14-ӯми июн дар бораи ташкили як коммиссияи мустақили мардумӣ ризояти ниҳоии худро медиҳад. Ин коммиссия ба ҳамлаи 31-ӯми маи нируҳои дарёии Исроил ба корвони кӯмакҳои башарӣ расидагӣ хоҳад кард. Дар ин ҳамла 9 шаҳрванди Туркия, ки аз Фаластин ҷонибдорӣ мекарданд, кушта шуданд. Дар як эъломия Исроил гуфтааст, сарпарастии ин коммиссияро узви собиқи Додгоҳи Олии ин кишвар бар ӯҳда хоҳад дошт. Дар ин коммиссия ҳамчунин ду шаҳрванди хориҷӣ аз Ирландияи Шимолӣ ва аз Канада низ хоҳанд буд. Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки зоҳиран Исроил намехоҳад дархости СММ-ро дар бораи расидагии мустақили байналмииллалӣ иҷро кунад.
XS
SM
MD
LG