Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо ҳазор узбакҳо Қирғизистонро тарк мекунанд


Узбакистон мегӯяд, даҳҳо ҳазор узбактаборон барои наҷот аз задухӯрдҳои хунини қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо ҷануби Қирқғизистонро тарк мекунанд. Ин задухӯрдҳо аз се рӯз ба ин сӯ идома дорад. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод 113 нафар кушта, 1 404 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳукумати муваққатии Қирғизистон ба маҳали ин рӯйдодҳо нируҳои изофӣ фиристодааст. Рӯзи 12-ӯми июн ҳукумати муваққатӣ ба нируҳои амниятӣ дастур дод, ки метавонанд барои аз байн бурдан оташ гушоянд. Афви Байналмилал имрӯз аз Қирғизистон дархост кард, ки ақалиятҳои узбакро аз аъмоли хушунатбор ҳифз кунад ва аз кишварҳои ҳаммарз бо Қирғизистон хост, ки марзҳои худро бар рӯи паноҳҷӯёни узбак боз нигаҳ доранд. Ҳамзамон Интерфакс-хабаргузории Русия иттилоъ додааст, ки ин кишвар барои беҳбуди вазъи амниятӣ дар пойгоҳи низомии худ дар Қирғизистон нируҳои изофӣ фиристодааст.
XS
SM
MD
LG