Пайвандҳои дастрасӣ

Ғана Сербияро дар Ҷоми ҷаҳонӣ шикаст дод


Бозии аввал дар гурӯҳи Д дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол -2010 дар Африқои ҷанубӣ байни тимҳои Ғана ва Сербия бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи тими африқоӣ тамом шуд. Ҳимоятгари серб Александар Луковичро дар дақиқаи 74-ум аз майдон ронданд ва тими Ғана бо истифода аз ин бартарӣ дар дақиқаи 79-ум ба муваффақият даст ёфт. Тӯбро ба дарвозаи Сербия Асамоа Ҷян зад. Шоми имрӯз дар бозии дуввуми ин гурӯҳ Олмон ва Австралия ба дидори ҳам хоҳанд рафт.
Имрӯз ҳамин тавр дар бозии дуввуми гурӯҳи С Словения бар Алҷазоир низ бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Тӯби ягонаро дар ин рақобат Роберт Корен дар дақиқаи 79-ум бо истифода аз иштибоҳи дарвозабони Алҷазоир Фавзӣ Шошӣ зад. Бозии дигар дар ин гурӯҳ рӯзи шанбе байни Амрикову Инглистон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид ва Словения ба ин тартиб дар гурӯҳи С пешсаф шуд.
XS
SM
MD
LG