Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 12 июн дар Эрон 91 нафарро боздошт кардаанд


Хабаргузории эронии ИСНО мегӯяд, дирӯз дар солгарди интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Эрон 91 нафар боздошт шудаанд. Ин интихобот, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барандааш эълон шуд, ба ошӯбҳои аз лиҳози домана ва вусъат аз замони инқилоби исломии соли 1979 бесобиқа оғоз гузошт.
Волии Теҳрон Муртазо Тамаддун гуфт, бархе аз боздоштшудаҳо ба доштани иртибот бо созмони мамнӯъи Муҷоҳидини халқ гумонбар дониста мешаванд. Раҳбари пулис Ҳусейн Саҷодиниё гуфтааст, ки парвандаи ин 91 боздоштшуда ба дасти қувваи қазоия супурда шуд.
Солгарди аввали интихобот бидуни эътирозҳои густурда гузашт, вале хабарҳои расида ҳокии бархе рӯёрӯиҳо дар бархе донишгоҳҳои Эрон буд.
XS
SM
MD
LG