Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон то Покистон лӯлаи газ хоҳад кашид


Эрону Покистон имрӯз дар Теҳрон созишномаи 7-миллиарддолларии эҳдоси лӯлаи газ то Покистонро ниҳоӣ карданд. Ин лӯлаи газ, ки кони бузурги Форси ҷанубиро бо вилоятҳои Балуҷистону Синд, дар ҷануби Покистон хоҳад пайваст, бояд то соли 2015 сохта шавад. Телевизиони Эрон гуфт, Эрон то 25 соли оянда тавассути ин лӯла ҳар рӯз 1 миллион метри мукааби газ содир хоҳад кард. Лӯлаи ҷадид 1000 километр тӯл дошта, бахши бузургаш алакай эҳдос шудааст.
XS
SM
MD
LG