Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҳимояти аҳли Қандаҳор аз давлаташро хост


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, ки имрӯз ҳамроҳ бо фармондеҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО генерал Стенлӣ МаКристалл ба хотири ҷалби ҳимояти бештари мардуми маҳаллӣ аз амалиёти шурӯъшудаи нирӯҳои НАТО алайҳи ҷангиёни толиб ба шаҳри Қандаҳор рафт, дар инҷо гуфтааст, ки давлати ӯ ва муттаҳидинаш дар роҳи дафъи Толибон аз ин қаламрав ба кӯмаки мардум ниёз доранд. Карзай дар Қандаҳор 2 нишаст барпо мекунад, ки якеаш бо раҳбарони мақомот ва қабоили маҳаллист ва дигарӣ - бо мардуми ин минтақа. Қандаҳор як пойгоҳи чирикиҳо шинохта мешавад ва ҷангиён дар посух ба амалиёти густардаи НАТО онҳоеро, ки аз давлат ва шарикони хориҷиаш ҳимоят мекунанд, ҳадафи ҳамалот қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG