Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷануби Қирғизистон нирӯи изофӣ эъзом мекунанд


Бино ба хабарҳо, ҳукумати муваққати Қирғизистон барои фурӯ нишондани низоъҳои қавмӣ дар ҷануби кишвар нирӯҳои изофии захиравиро эъзом мекунад. Мақомот ҳамин тавр, қаблан ба нирӯҳои амниятӣ иҷозат доданд , то таҳрикдиҳандагони ошӯбҳоро бипарронанд. Ин дар ҳолест, ки шумори афроди кушташуда дар 3 рӯзи рӯёрӯиҳо миёни қирғизҳову узбакҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод дастикам 80 нафар ва ҷамъи захмиён болиғ аз 1000 нафар шудааст. Бино ба хабарҳо, Ӯш, ки дар он қуюди шабгардии 24-соата ҷорӣ шудааст, оромтар ба назар мерасад, вале даргириҳо дар Ҷалолобод идома доранд.
Дар рустои Бозорқӯрғон низ задухӯрд шурӯъ шудааст.
Бо ин ҳол, имрӯз дар шаҳри Ӯш нишасти мусолиҳаи намояндагони ҳарду қавми қирғизу узбак оғоз ба кор кард.
XS
SM
MD
LG