Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Клинтон аз Эрон ба раҳоии маҳбусони сиёсӣ


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар солгарди аввали интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Эрон, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро ба давраи дуввуми раёсат расонд ва ба ошӯбҳои пурқурбонии пасоинтихоботӣ оғоз гузошт, аз мақомоти Эрон даъват кард, ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро ва ҳамаи маҳбусони сиёсӣ, бо шумули 3 сайёҳи амрикоиро, ки қариб як сол боз дар Ҷумҳурии исломӣ бидуни эълони иттиҳоми расмӣ дар боздошт қарор доранд, аз маҳбас раҳо кунанд.
Хонум Клинтон дар баёнияи катбие гуфт, режими Эрон ба тардиди ҳуқуқи бунёдии шаҳрвандонаш идома медиҳад.
Ӯ афзуд, шумори бузурги маҳбусони сиёсӣ дар Эрон дар зиндонҳо азият мекашанд ва бархеи онҳо бо ҷурми изҳори ақида ба хатари ҳукми қатл рӯбарӯ мебошанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG