Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Карзай ва МакКристалл ба Қандаҳор


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба хотири ҷалби ҳимояти бештари мардуми маҳаллӣ аз амалиёти шурӯъшудаи нирӯҳои НАТО алайҳи ҷангиёни толиб ба шаҳри Қандаҳор рафт. Ӯро дар ин сафар фармондеҳи нирӯҳои Амрико ва НАТО генерал Стенлӣ МаКристалл ҳамроҳӣ мекунад. Қарор аст, Карзай дар Қандаҳор 2 нишаст барпо кунад, ки якеаш бо раҳбарони мақомот ва қабоили маҳаллист ва дигарӣ бо мардуми ин минтақа.
Аммо аксари сокинони маҳаллӣ нисбат ба асароти амалиёти НАТО дар Қандаҳор, ки як пойгоҳи чирикиҳо шинохта мешавад, чандон хушбин нестанд. Ҷангиён онҳоеро, ки аз давлат ва шарикони хориҷиаш ҳимоят мекунанд, ҳадафи ҳамалот қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG