Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Амрико ба сулҳу оромӣ дар Қирғизистон


Вазорати хориҷаи Амрико хостори барқарории зудтари сулҳу тартибот дар шаҳри Ӯш ва соъир маҳалли хушунатҳои қавмӣ дар Қирғизистон шуд. Вошингтон мегӯяд, авзоъ дар Қирғизистонро бо таваҷҷӯҳ назорра дорад ва аз талошҳои ҳамоҳангшудаи СММ ва САҲА ба хотири барқарории сулҳу тартибот ва ироаи кӯмакҳои башарӣ ба осебдидагон пуштибонӣ мекунад. Амрико дар ҳошияи фурудгоҳи Манас як пойгоҳи ҳавоиро иҷора гирифтааст, ки дар таъмини амалиётҳои нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон нақши муҳим бозӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG