Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиш барои паррондани ошӯбгарон иҷозат гирифт


Ҳукумати муваққати Қирғизистон ба афсарони пулис ва нирӯҳои артиш иҷозат дод, то барои фурӯ нишондани низоъҳои қавмӣ дар ҷануби кишвар аз силоҳ истифода кунанд.
Ин дар ҳолест, ки шумори афроди кушташуда дар 3 рӯзи рӯёрӯиҳо миёни қирғизҳову узбакҳо дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод дастикам 79 нафар ва ҷамъи захмиён болиғ аз 1060 нафар шудааст. Раҳбари муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева ҳамчунин дар посух ба ошӯбҳои бархоста ҷиҳати ба суфуфи артиш даъват кардани бахше аз асокири захиравӣ дастур додааст. Аммо Русия дархсоти мақомоти Қирғизистон ҷиҳати ирсоли кӯмаки низомӣ ба хотири урӯ нишондани хушунатҳо дар ҷануби он кишварро радд кард. Маскав ҳаводиси Қирғизистонро “низоъи дохилӣ” унвон карда, гуфтааст, Русия шароити ширкаташ дар ҳалли ин низоъро намебинад.
Аммо Русия гуфта, ки омода ҳаст ба Қирғизистон кӯмаки башарӣ пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG