Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телемарафон ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии донорҳо


Имрӯз дар шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон як телемарафон таҳти шиори “Хуни нав ба хотири наҷоти зиндагӣ” идома дорад. Ин телемарафон ба Рӯзи байналмилалии донорҳои хун, ки ҳар сол дар таърихи 14 июн таҷлил мешавад, бахшида шудааст.
Ҳадаф аз баргузории ин телемарафонро масъулини вазорати беҳдошти Тоҷикистон таблиғи савоби кори донорӣ ва аҳамияти хуни донорӣ барои афроди мариз ва маҷрӯҳ меноманд.
14 июн дар соли 2005 дар анҷумани ҷаҳонии ҳифзи сиҳҳат дар Женева ба ҳайси Рӯзи ҷаҳонии донорҳо пазируфта шуд. 14 июн зодрӯзи барандаи ҷоизаи Нобел табиби австриёӣ Карл Ландштейнер аст, ки гурӯҳҳои хуни инсонро кашф кардааст.
XS
SM
MD
LG