Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия 4 мавриди полиомелит ташхис шудааст


Нозироти беҳдоштии Русия – Роспотребнадзор мегӯяд, то имрӯз дар ин кишвар 4 мавриди гирифторӣ ба бемории сироятии полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, ташхис шуда, 2 мавриди дигар дар марҳалаи ташхис қарор дорад. Геннадий Онишенко, раҳбари Роспотребнадзор гуфт, ҳамаи маризон аз Осиёи Марказӣ омадаанд ва дар моҳи март дар як маврид полиомелит дар вилояти Екатеринбург мунҷар ба ҳалокати мариз шудааст. Вале оқои Онишенко гуфт, ки ин маризи фавтида аз Узбакистон буд.
Онишенко ҳамчунин гуфт, дар Тоҷикистон вазъ дар пайи анҷоми 3 маъракаи воксинзанӣ зидди полиомелит беҳтар шудааст. Роспотребнадзор дар пайи бурузи полиомелит дар роҳи сафари шаҳрвандони хурдсоли Тоҷикистон ба Русия як силсила маҳдудиятҳо ҷорӣ карда, воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро низ манъ кард.
XS
SM
MD
LG