Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯёрӯии мухолифин бо пулис дар Теҳрон


Ба гуфтаи шоҳидон, дар солгарди нахустини интихоботи пурбаҳси раёсати ин ҷумҳурӣ, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро ба давраи дуввуми раёсат расонд, миёни нирӯҳои амниятии Эрон ва тарафдорони мухолифин даргириҳое рух додааст. Шоҳидон мегӯянд, пулис алайҳи мардуме ки дар як минтақаи миёни ду майдони бузурги Теҳрон ҷамъ шуда буд, аз газу калтак истифода бурдааст. Ин дар ҳолест ки мақомоти Эрон мухолифинро аз баргузории намоишҳои эътирозӣ дар солгарди интихобот ҳушдор дода, ду раҳбари умдаи мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ ҷиҳати лағви гирдиҳамоиҳои барои рӯзи 12 июн барномарезишуда тасмим гирифтанд. Ҷунбиши мухолифини Эрон гуфтааст, бо вуҷуди ҳушдори мақомот алайҳи баргузории намоишҳои эътирозӣ ба муборизаи худ идома хоҳад дод. Раҳбари мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ дар баёнияе гуфтааст, ки онҳо ба шеваи мусолиматомези мубориза давом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG