Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ба Қирғизистон нирӯ фиристоданӣ нест?


Маскав дар посух ба дархости ҳукумати муваққати Қирғизистон ҷиҳати ирсоли кӯмакҳои низомӣ ба манзури оддӣ сохтани вақъ дар ҷануби он кишвар гуфтааст, “ин низоъи дохилист ва феълан Русия шароити иштирок дар ҳалли онро намебинад.” Роза Отунбоева, раҳбари муваққати Қирғизистон рӯзи шанбе гуфт, кӯмаки Русия ба хотири ором кардани вазъ зарур аст, вале Қирғизистон ҳамчунин аз “кишварҳои севум” низ хостори чунин ёриҳост. Ин дар ҳолест, ки аз шоми панҷшанбе ба ин сӯ, бар асари муноқишаҳои миёни ҷавонони қирғизу узбак дар шаҳри Ӯш, ки ба задухӯрд бо нирӯҳои амниятӣ печид, дастикам 65 нафар кушта ва беш аз 850 тани дигар захмӣ шудаанд.
Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Алишер Токсонбоев, ки дар Ӯш қарор дорад, мегӯяд, вазъ дар ин минитақа бештар мураккаб шудааст. Хабаргузории АКИ-Пресс дар бораи даргириҳо дар чандин шаҳри дигари Қирғизистон низ хабар медиҳад.
XS
SM
MD
LG