Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 пулиси афғон дар вилояти Қандаҳор


Бар асари таркиши як бомби рӯироҳ дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон 5 корманди пулис кушта шуданд. Раҳбари пулиси вилоят Муҳаммад Зозоӣ гуфт, мошини ҳомили ин ходимони пулис рӯзи шанбе дар улусволии Хокрез ба бомб бархӯрд. Ӯ афзуд, ки пулис ҳуввияти кӯдаки 13-солаеро, ки ҳамлаи маргталабонаи рӯзи чоршанбе дар як арӯсиро анҷом дода буд, шиносоӣ кардаанд. Зозоӣ гуфт, он ҳамла 50 кушта ва то 90 захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG