Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши донишҷӯёни афғонистонӣ


Аз шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Афғонистон 90 нафар ба таҳсил дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғ фаро гирифта мешаванд.

Богдан Кравченко, садри Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, дар маросими тақдими шаҳодатнома ба хатмкунандагони Мактаби касбӣ ва давомдор дар Хоруғ гуфт, ки ҷалби муҳассилини афғон ба таҳсил дар доираи барномаи ҳамкориҳои бурунмарзӣ сурат мегирад ва бо омода шудани мутахассисон дар шаҳри Файзобод маркази омӯзишии ин донишгоҳ таъсис хоҳад ёфт.

Вай гуфт, ки аммо алҳол дар доираи ин ҳамкорӣ дар вулусволии Шуғнони Афғонистон муҳассилин ба омӯзиши забони англисӣ ва компютер фаро гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи роҳбари барномаи таълимӣ Фаррухшо Фрайдонов, омӯзиши бозори меҳнати Файзобод нишон додааст, афроди зиёди босалиқае ҳастанд, ки бинобар набуди шароити таълим наметавонанд омӯзиш бинанд ва ё такмили касб ва малака кунанд. Бинобар таҳқиқот, сатҳи саводнокӣ дар Файзобод ба 31 дарсад баробар будааст.

Фаррухшо Фарайдонов изҳор дошт, ки донишҷӯёни файзободӣ тайи шаш моҳ дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Хоруғ ихтисосҳои мухталифро аз худ мекунанд.

Анваршо Додихудоев, ки дар вулусволии Шуғнон кор бо компютерро таълим медиҳад, гуфт, қаблан дар вулусволӣ ҳамагӣ шаш компютер мавҷуд ва бинобар кордор будани ашхоси ғайрикасбӣ бо онҳо бештарашон вайрон буд, аммо феълан синфи нави иборат аз 15 компютер дар хидмати муҳассилин қарор дорад.

Ба гуфтаи омӯзгори забони англисӣ Алфия Мақбулшоева, дар вулусволӣ 23 нафар ба шумули занон ба тадриси забони англисӣ пардохта, дар байнашон омӯзгорони макотиб низ ҳастанд, ки мехоҳанд такмили касб кунанд.

Масъули намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ роҳандозии барномаҳои омӯзиширо дар манотиқи марзӣ ва дурдасти Афғонистон паёми муҳими фарҳангӣ мешуморад.

Дар маросими хатми таҳсили 2010 муваффақияти бештар аз 600 нафар хатмкунандагони Барномаи гуманитарии Бунёди Оғохон ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор муаррифӣ гардид. Барои нахустин бор 88 нафар коромӯз соҳиби шаҳодатнома аз рӯи ихтисосҳои дуредгарӣ, сангтарошӣ, андовачӣ, фулузгарӣ ва коркарди оҳан шуданд.
XS
SM
MD
LG