Пайвандҳои дастрасӣ

Эй-ей, бародари галстукдори ман. Як дам ист. Ин ҷо биё... Не-не хавотир нашав. Ман баробари пули додаат ба ту нос фурўхтам. На ту маро фиреб додию на ман туро.

Лекин, чаро ту носи харидаатро аз дигарон пинҳон карда дуздона ба киссат андохтӣ? О, аввал ақаллан як маззаашро чашида медиди. Ҳам ба худат нағзу ҳам барои бори ман реклама... Чӣ? Шарм медорӣ?! И-и... О галстук дорию... Аз ҳамон галстукат шарм медорӣ? Чаро? Нафаҳмидам, чунки ту интел... чи? Ҳа-а зиёи... Ин тавр ки бошад ман ба ту кор дорам. Кор ҳам не, ҳамаги ду савол:

Якум: Ба ман гўй, ки ҳамон зиёии гуфтаат кист? Одам ё ягон ҷондори дигар? Дуюм: Чаро ту дар ин гармии 45 гра... дараҷагии Тоҷикистони офтобрўяи боронҳои беохираш тамом шудагӣ гардани қоқатро бо галстук ин қадар маҳкам бастаи? Вай чӣ гуноҳ кардааст?.. Бечора каллаи холиатро дар болояш гирифта гаштааст-ку. Чаро ту галстукатро кашида намепартои?

О, мон ҳамон гардани бечора ҳам як бор ҳис кунад, ки вай ҳам соҳиб доштааст! Чӣ? Кӣ туро намемонад? Боз ҳамон, интел... чи хели буд, зиёи? Ин тавр бошад, биё ба саволи якум бармегардем. Зиёи кист? Интел... чи, лиггент? Ваҳ вай ин қадар номи дарозро ба ку... куҷояш, охир, вай, ба сараш мезанад? Ё пули бисёр дораду ба куҷо сарф карданашро надониста номашро дароз кардааст? Ба ғайр аз ном ҳеҷ чиз надорад?..

Пас номаъқул карда номашро ин қадар дароз... Биниаш чи? Биниаш дароз будагист?.. Ҳа-а, биниаш дароз буду лекин аз бинӣ кашида дар ба дар гаштан кўтоҳ шуда рафт, гўй...

О дар ин варақ мехонам, ки зиёиён оинаи ҳамаи мо ҳастанд. Дар варақи дигар равшангароянд, таҷассуми роҳҳоянд. Онҳо устои барқанд ё асфалтҳамворкунак?

Чӣ гуфтӣ? Онҳо бо қаламу коғаз сару кор доранд? Кошуқ чи? Қошуқи онҳоро ҳамон қаламу коғаз пур мекунад? О ин тавр бошад ман ҳам зиёиям. Чунки ман ҳам бо қошуқу коғаз сару кор дорам. Онҳоро қаламу коғаз қошуқбадаст кардааст, маро қошуқу сатил коғазбадаст. Оё ту медони, ки ман аз он коғазҳои тоб дода барои носандозӣ халтача сохтаам чи чизҳоро хондаам? На ҳар профессорат онро хондааст. Чӣ? Онҳо касби худро доранд ва барои миллат кор мекунанд? Ман чи? Ман барои очакалонам кор мекунам?

Ман худам, аз тамокўи коридаи худам, бо меҳнати ҳарр... ҳаррўзаи ҳалоли худам нос карда ба мардуми ҳамон миллати ту гуфтагӣ мефурўшам. Чи, магар ин касб нест? Оё ту ҳеҷ шунидаи, ки «Бузургон номае оғоз карданд, ҷавоҳирпораеро нос карданд». Папирос не - нос! Ана ҳамон бузурги аз ҷавҳар нос карда ба варақҳои навиштаи дупулаи ту печонда мефурўхтагӣ - ман!

Лекин шумоён барои арақхўрҳо тарабхонаҳои зебою боҳашаммат сохтед, барои сигоркашҳо қуттиҳои рангоранг ихтироъ кардед, барои носкашҳо бошад: «Илоҳи гум шавад номи бузургон, даҳону мўйлаб ифлос карданд»... Чӣ, бўю дуди арақу сигор аз бўи масолеҳи ман мебаровардагӣ хуштар аст?

Ту як бор бегоҳӣ, ҳангоми бозгашт аз кор, ба чеҳраи ҳамон интел... чи гуфти... лигентат нигоҳ кун! Хусусан агар моҳи рамазон бошад...

Вақте аз вай мепурси ки: «Бародар чи аҳвол дорӣ»? Ў бо ду калима ба ту ҷавоб мегўяд «Кайфи нос!»... ва тамоми ҳиссиёт ва донишашро ба ҳамин ду калима ҷой медиҳад. Акнун тасаввур кун, ки дар шаҳр як рўз нос набошад. Ана девонахонаи тайёр!.. Шумо бошед «Туф-туфи нос дар меҳров, ким-чи мезанад хару гов!»...

Ту аз куҷо медони, ки тамоми китобҳои навиштаи шумо интелзиёиён оқибат ба бойгонии «осорхона»-и ман, ба ана ҳамин сатил меафтад ва ман нархи ҳақиқии онҳоро муайян мекунам.

Барои ҳамин ҳам додар, гиреҳи галстукатро сусттар куну як нос парто. Ҳам дамат меояду ҳам ғамат дур мегардад. Саломат бош, интел... ҳа, зиёи. Светофор... вай, чи буд, равшангарои роҳи миллат...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG