Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон фоидаи сармояҳои хориҷиро замонат медиҳад


Бонки марказии Эрон сармоягузорони хориҷиро итминони хотир дод, ки бозгардони 10 фоиз фоида аз сармояи дар Эрон гузоштаи онҳоро замонат медиҳад. Ин иқдом ба хотири ташвиқи сармоягузорон аст, ки бо вуҷуди эълони таҳримоти нави байналмилалӣ пули худро аз Эрон берун накашанд.
Раиси Бонки миллии Эрон Маҳмуди Баҳманӣ гуфтааст, ки бонки миллӣ ва вазорати иқтисод бозгардони фоидаи сармоягузориҳоро замонат хоҳанд дод.
Шӯрои Амнияти СММ рӯзи чоршанбе дар посух ба фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон даври чоруми таҳримот алайҳи Ҷумҳурии исломиро тасвиб кард.
XS
SM
MD
LG