Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хомӯшӣ дар солгарди интихоботи пурбаҳси Эрон


Бино ба хабарҳо, рӯзи шанбе, 12 июн, дар солгарди интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳурии Эрон, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро ба давраи дуввуми раёсат расонд ва мавҷи мухолифатҳои густарда ва гоҳо хушунатомезро ба бор овард, дар Эрон кадом тазоҳуроти эътирозӣ доир нашудааст. Ин хомӯшии кӯчаву хиёбонҳо дар пайи тасмими ду раҳбари умдаи мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, аз рақибони аслии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи соли гузашта, ҷиҳати лағви гирдиҳамоиҳои барномарезишуда аст.
Қаблан аз қавли Аҳмадризо Родон, як мақоми аршади пулиси Эрон хабар дода шуд, ки мақомот ба ҳар навъ эътироз дар солгарди интихобот бархӯрди “шадид” нишон хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG