Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Салиби Сурх аз ташаннуҷи вазъ дар Қирғизистон


Салиби Сурхи Байналмиллалӣ ҳушдор дод, ки баъд аз чанд рӯзи даргирӣ миёни аҳолии қирғиз ва узбактабори Қирғизистон вазъи башарӣ дар ҷануби ин кишвар мутташанниҷ шудааст. Бино ба гузоришҳои расида, дар ин даргириҳо то кунун 114 нафар кушта ва беш аз 1500 тан маҷрӯҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, гузориш мерасад, ки Русия барои ҳимоят аз низомиён ва техникаи худ дар пойгоҳи низомиаш дар Кант 150 чатрбози худро фиристодааст. Ҳадаф аз фиристодани ин нерӯҳо ҳимояи шаҳрвандони Русия ва иншоотҳои мутаалиқ ба ин кишвра унвон шудҳааст.

Аммо Маскав гуфтааст, ба нақша нагирифтааст, ки нируҳояшро барои барқарории суботи вазъ дар ҷануби Қирғизистон сафарбар кунад. Вазорати беҳдошти Қирғизистон гузориш додааст, ки дар ҳодисаҳои се рӯзи гузашта дар Ӯш 92 нафар ва дар Ҷалолобод 21 нафар кушта шудаанд. Бештар аз 1500 нафари дигар дар задухӯрдҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти расмӣ барои муттаваққиф сохтани нооромиҳо тадобири кофии мушаххас намеандешанд. Дар изҳороти Салиби Сурхи Байналмиллалӣ дар Қирғизистон омадааст, кормандони онҳо дар Ӯш дидаанд, ки дар қабристони Ӯш тақрибан 100 нафарро ба хок супурдаанд ва барои шиносоии онҳо коре намекунанд, ки он нигарониҳоро ба бор овардааст.

Фирори ҳазорон узбак аз Қирғизистон

Узбакистон мегӯяд, даҳҳо ҳазор паноҳҷӯ дар пайи низоъҳои хунини қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, кишварро тарк мекунанд ва вориди Узбакистон мешаванд. Шумори кушташудагон дар низои байни қирғизҳову узбакҳо дар вилоёти Ӯшу Ҷалолобод 100 нафар ва теъдоди захмиён беш аз 1000 тан гушориш шудааст.

Бино ба хабарҳо, ҳукумати муваққати Қирғизистон барои фурӯ нишондани низоъҳои қавмӣ дар ҷануби кишвар нирӯҳои изофии захиравиро эъзом карда, дирӯз ба нирӯҳои амниятӣ иҷозат дод, то таҳрикгарони ошӯбҳоро бипарронанд.

Ҳукумати муваққат ҳамин тавр, дар тамоми вилояти Ҷалолобод низ қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардааст.

The Human Rights Watch, як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар, мегӯяд, зоҳиран мусаллаҳони қирғиз маҳалли сукунати узбакҳоро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд ва шумори зиёди манзилҳову дӯконҳо ва ошхонаҳои марбут ба узбакҳо ба коми оташ кашонида шудааст.

Боқиев: Дар ҳаводиси хунбори Ӯш даст надорам


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон ҳар навъ даст доштанаш дар низоъҳои ахири қавмӣ дар ҷануби ин кишварро, радд кард.

Боқиев дар изҳороташ гузоришҳои нашршуда дар бораи даст доштани ӯ дар ин ҳаводисро “дурӯғи бешармона” ва ҳукумати муваққатро, ки ӯро дар моҳи апрел аз қудрат барканор карда буд, масъули ин ошӯбҳо унвон кард.

Боқиев, ки зодаи ҷануби феълан ошӯбзадаи Қирғизистон аст, дар пайи барканориаш дар Беларус паноҳ бурдааст. Ҳукумати муваққати Қирғизистон ҷонибдорони Боқиевро дар таҳрик додани ошӯбгарон муттаҳам мекунад.

Тасарруфи як қисми низомӣ аз сӯи ошӯбгарон

Гурӯҳе аз ошӯбгарон ба як қисми низомӣ дар Ҷалолободи Қирғизистон ҳамла карда, силоҳу муҳимоти ҷангӣ, либосҳои низомӣ ва як мошини зиреҳпӯшро ба тасарруф даровардаанд. Шумораи умумии кушташудагони ҳаводиси ахири Қирғизистон 80 нафар ва маҷрӯҳон бештар аз 1000 нафар унвон мешавад.

Инчунин посгоҳи вурудии шаҳр низ тасарруф шуда посбон милисаҳо хаъи силоҳ шудаанд.

Донишгоҳи ӯзбекиву қирғизии Ҷалолобод оташ гирифта ва дар маҳаллаҳои ӯзбекнишини ин шаҳр садои тирпарронӣ қатъ нашудааст.

Бинои садову симои вилояти Ҷалолобод низ ба коми оташ кашида шуда, шумораи кушташудагон дар ин вилоят ҳадди ақал шаш нафарро ташкил мекунад.

Раиси дастгоҳи шаҳри Ҷалолобод Мақсад Ҷиянбеков мегӯяд, дар минтақаи ипподроми шаҳр дар ҳудуди ду ҳазор нафар ҷамъ омадаанд, ки аксарияти онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, ки дар миёни онҳо афроди тахрибкор низ хеле зиёданд, ки мардумро ба аъмоли ғайриинсонӣ даъват мекунанд.

Дар ноҳияи Бозорқӯрғони ин вилоят муқовимати байни қирғизҳову ӯзбектаборон идома дорад. Бино ба хабарҳо вале ин даргириҳо бидуни силоҳ ва бо истифода аз сангу калтак ва воситаҳои дигар сурат мегирад.



"Мобилизатсия"

Дар ҳамин ҳол тибқи як қарори ҳукумати муваққатӣ ҳамаи афсарони мустафъии хадамоти амният, интизомӣ ва вазорати дифоъ, ҳамчунин афсарони захиравӣ, ҷанговарони байналмилалӣ, иштирокчиёни ҳодисаи Чернобил ва амсоли онҳо дубора, ба хотири эътидоли вазъ ба хизмат даъват шудаанд.

Ҳамзамон дружинаҳои халқии зиёде ташкил шудааст, ки бояд дар барқарории субот кӯмак кунанд.

Бино ба хабари раёсати иттилооти вазорати дохилаи Қирғизистон бо вуҷуди эълони вазъи изтирорӣ дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолобод намешавад гуфт, ки вазъият рӯ ба эътидол овардааст. Мардуми зиёд ҳанӯз аз вазъи нооромнигарон ҳастанд.

Шумори зиёди ӯзбектаборони вилоятҳои Ҷалолобод ва Ӯш, ки ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳанд, ба хотири амнияти ҷонашон ба қаламрави Ӯзбекистони ҳамсоя гузаштаанд.

Бино ба хабарҳо шумораи умумии кушташудагон дар минтақаи ҷануби Қирғизистон ба 81 нафар расидааст.

Даъвати Амрико ба сулҳу оромӣ дар Қирғизистон

Вазорати хориҷаи Амрико хостори барқарории зудтари сулҳу тартибот дар шаҳри Ӯш ва соъир маҳалил хушунатҳои қавмӣ дар Қирғизистон шуд. Вошингтон мегӯяд, авзоъ дар Қирғизистонро бо таваҷҷӯҳ назорра дорад ва аз талошҳои ҳамоҳангшудаи СММ ва САҲА ба хотири барқарории сулҳу тартибот ва ироаи кӯмакҳои башарӣ ба осебдидагон пуштибонӣ мекунад.

Амрико дар ҳошияи фурудгоҳи Манас як пойгоҳи ҳавоиро иҷора гирифтааст, ки дар таъмини амалиётҳои нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон нақши муҳим бозӣ мекунад.


Нигаронии Узбакистон

Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон зимни баёнияе аз ташаннуҷи авзоъ дар ҷануби Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардааст. Дар баёнияи вазорати корҳои хириҷии Узбакистон омадааст, ки хушунатҳо, оташзании хонаҳо, ғорат ва куштор умдатан дар муқобили сокинони узбактабор сурат мегирад ва ин марвиди нигаронии ҷиддӣ аст.

Узбакистон дар баёнияи худ гуфтааст, ки ин хушунатҳо кори дасти касоне аст, ки манофъи онҳо ба манфиати мардуми қирғиз ҳамхонӣ надорад.

Қирғизистон аз Русия кӯмаки низомӣ хост

Ҳукумати муваққати Қирғизистон дар пайи хушунатҳои ахир дар шаҳри ҷанубии Ӯш, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 50 нафар шуд, аз Русия хостори ирсоли кӯмакҳои низомӣ шудааст. Роза Отунбоева, раҳбари муваққати Қирғизистон гуфт, ин кӯмак ба хотири ором кардани вазъ зарур аст.

Ӯ гуфт, дар як нома ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Маскав кӯмак хостааст, вале Қирғизистон ҳамчунин аз “кишварҳои севвум” низ хостори чунин кӯмакҳост. Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон рӯзи ҷумъа ҳамчунин гуфт, ошӯб ба сурати умум пахш шудааст, вале зоҳиран дар он гурӯҳҳои фурсатталабе даст доранд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки ин кори дохилии Қирғизистон аст ва Маскав шароити мудохила дар кори дохилии кишвари мустақилро надорад. Ба ҳар сурат, раиси ҷумҳури Русия ба дабири кулли СПАД дастур додааст, ки ба хотири баррасии дархости Қирғизистон рӯзи Душанбе бо дабирониШӯрои амнитяи миллии кишварҳои узви ин созмон ташкили ҷаласа диҳад.

Ба гуфтаи мақомот, аз шоми панҷшанбе ба ин сӯ, бар асари муноқишаҳои миёни ҷавонони қирғизу узбак дар шаҳри Ӯш, ки ба задухӯрд бо нирӯҳои амниятӣ печид, бар замми дастикам 50 қурбонӣ беш аз 660 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Даргириҳо идома дорад

Рӯзи шанбе чандин гурӯҳ ба намояндагӣ аз ақвоми мухталиф талош карданд издиҳомҳои шӯрида дар бахшҳои гуногуни шаҳри Ӯшро ором кунанд. Вале ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, вазъияӣ дар ин шаҳр ноором боқӣ мемонад ва даргириҳо миёни гурӯҳҳои мухталиф идома дорад.

Темур Қамчибеков, муовини шаҳрдори Ӯш дар маҳалли ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, бархе иғворгарони ниқоби низомӣ бар рӯй алайҳи намояндагони ҳарду қавм тир кушода, талош доранд, оташи адовати қавмиро дар ин минтақа алангаи бештар диҳанд.

Хабаргузории қирғизии АКИ-Пресс дар ҳамин ҳол дар бораи даргириҳо дар чандин шаҳри дигар низ хабар додааст. The Human Rights Watch, як созмони маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ба мақомоти Қирғизистон дар роҳи таҳти назорат овардани вазъ кӯмак расонад.

Фирори узбактаборон аз Ӯш

Бино ба иттилои расида аз Ӯш, ҳазорон сокини узбактабори ин вилоят дар назди сарҳади Қирғизистон бо Узбакистон ҷамъ омадаанд ва аз ҳукумати кишвари ҳамсоя паноҳ хостаанд. Қаблан дар пайи нооромиҳо дар вилояти Ӯш Қирғизистон марзҳои худ бо Узбакистон ва Тоҷикистонро баста буд.

Раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон имрӯз эълон намуд, ки барои убури гурезаҳои узбаки ба Узбакистон сарҳадро боз хоҳад кард. Тошканд барои қабули фирориён изҳори омодагӣ кардааст.

Вокуниши вазорати хориҷаи Узбакистон

Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо пахши изҳорот аз ҳаводиси рӯзҳои ахир дар ҷануби Қирғизистон ва ба даргириҳо кашида шудани сокинони узбактабори шаҳри Ӯш изҳори нигаронии шадид кардааст.

Дар ин изҳорот омадааст, ҳодисаҳои куштору ғорат ва оташзании манзилҳо аз сӯи гурӯҳҳои харобкор, ки дар қиболи узбактаборони вилояти Ӯш анҷом мешавад, наметавонад ҷомеаи Узбакистонро дар канор гузорад.

Вазорати хориҷии Узбакистон гуфтааст, ин амалҳо кори дасти қувваҳоест, ки аҳдофи дурбинона доранд ва мехоҳанд, ихтилофоти қавмиро ба бор оварда, вазъи ақаллиятҳои миллӣ дар ҷануби Қирғизистонро таҳаммулнопазир гардонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG