Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Русия кӯмаки низомӣ пурсидааст


Ҳукумати муваққати Қирғизистон дар пайи хушунатҳои ахир дар шаҳри ҷанубии Ӯш, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 50 нафар шуд, аз Русия хостори ирсоли кӯмакҳои низомӣ шудааст.
Роза Отунбоева, раҳбари муваққати Қирғизистон гуфт, ин кӯмак ба хотири ором кардани вазъ зарур аст. Ӯ гуфт, дар як нома ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев аз Маскав кӯмак хостааст, вале Қирғизистон ҳамчунин аз “кишварҳои севум” низ хостори чунин кӯмакҳост. Роза Отунбоева, раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон рӯзи ҷумъа ҳамчунин гуфт, ошӯб ба сурати умум пахш шудааст, вале зоҳиран дар он гурӯҳҳои фурсатталабе даст доранд.
Ба гуфтаи мақомот, аз шоми панҷшанбе ба ин сӯ, бар асари муноқишаҳои миёни ҷавонони қирғизу узбак дар шаҳри Ӯш, ки ба задухӯрд бо нирӯҳои амниятӣ печид, бар замми дастикам 50 қурбонӣ беш аз 660 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Бо ин ҳол, хабарнигори бахши қирғизии Алишер Токсонбоев, ки дар Ӯш қарор дорад, мегӯяд, вазъ дар ин минитақа бештар мураккаб шудааст: “Феълан вазъ баръакс мураккабтар шуд. Аз ҳамаи гӯшаҳои шаҳр садои тир меояд. Дар шаҳр яғмогарӣ сар шудааст. Бархе сокинони Ӯш алакай шаҳрро тарк мекунанд.”
Хабаргузории АКИ-Пресс дар ҳамин ҳол дар бораи даргириҳо дар чандин шаҳри дигари Қирғизистон низ хабар додааст.
XS
SM
MD
LG