Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Медведевро дар Кохи Сафед пазироӣ хоҳад кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳамтои русаш Дмитрий Медведевро рӯзи 24 июн дар Кохи Сафед ба ҳузур хоҳад пазируфт. Кохи Сафед мегӯяд, дар ин музокирот ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳоти “тиҷорат, сармоягузорӣ ва навсозӣ” баррасӣ хоҳанд шуд. Рӯзи ҷумъа Маскав хабар дод, ки Медведев рӯзи 22 июн дар ҷараёни сафараш ба Амрико аз водии Силикон, маҳалли таҷаммӯъи бузургтарин ширкатҳои фанноварии Амрико низ дидан хоҳад кард. Ба дунболи боздид аз Амрико, қарор аст, Медведев барои ширкат дар нишастҳои сарони Ҷӣ8 ва Ҷӣ20, ки бузургтарин кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушдро муттаҳид мекунанд, роҳии Канада шавад.
XS
SM
MD
LG