Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО: "Пешрафт дар Афғонистон ниҳоӣ нашудааст"


Вузарои дифоъи паймони низомии НАТО мегӯянд, амалиётҳо дар саросари Афғонистон ба пешрафтҳои мушаххасе даст ёфта, боиси тавсиъаи қаламрави нуфузи ҳукумати ин кишвар, тағйири шароити сиёсӣ ва тангтар шудани доманаи неҳзатҳои чирикӣ шудааст. Аммо ин баёния, ки дар поёни нишасти дурӯзаи вузарои дифоъ дар Брюссел тасвиб шуд, ҳамчунин бар ҷой мондани чолишҳои муҳим ва ҳанӯз ниҳоӣ нашудани пешрафтҳои бадастомадаро низ эътироф мекунад.
НАТО ҳамчунин расман аз ифтитоҳи як роҳи алтернативӣ
тавассути Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини нирӯҳояш дар Афғонистон дарак додааст. То кунун таъмини ин нирӯҳо асосан аз роҳи Покистон сурат мегирифт, вале он масир дар манотиқи марзӣ ҳадафи ҳамалоти афзояндаи ҷангиён қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG