Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мақомоти Эрон аз ҳар навъ тазоҳурот


Мақомоти Эрон ҳушдор додаанд, ки ҳар навъ эътирозро дар солгарди аввали интихоботи пурбаҳси раёсати ин ҷумҳурӣ, ки Маҳмуди Аҳмадинажод барандааш эълон шуд ва мавҷи мухолифатҳои гоҳо хушунатомез миёни нирӯҳои давлат ва мухолифинро ба бор овард, саркӯб хоҳанд кард. Хабаргузории ИСНО аз Аҳмадризо Родон, як мақоми аршади пулиси Эрон нақли қавл кардааст, ки ҳар навъ эътироз дар солгарди интихобот ба бархӯрди “шадид” рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ду раҳбари умдаи мухолифин Мирҳусейн Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, аз рақибони аслии Аҳмадинажод дар интихоботи соли гузашта, алакай гирдиҳамоиҳои барои рӯзи шанбе барномарезишударо ба далели нигаронӣӣ аз эҳтимоли хушунатҳо лағв кардаанд. Мухолифин натоиҷи эълоншудаи он интихоботро, ки Аҳмадинажодро ба давраи дуввуми чорсолаи раёсат расонд, пур аз тақаллуб мехонанд.
XS
SM
MD
LG