Пайвандҳои дастрасӣ

Дуввумин мавриди полиомелит дар Челябинск


Мақомоти беҳдоштии вилояти Челбински Русия дар бораи мавриди инак дуввуми гирифторӣ ба бемории сироятии полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак дар ин минтақа хабар дода, гуфтаанд, ки ҳарду мариз тифлони хурдсол буда, аз Тоҷикистон ба Челбинск омадаанд. Максим Курятников, мудири вазнинхонаи бемористони кӯдаконаи рақами 3 гуфт, онҳо феълан мунтазири натоиҷи ташхис аз шаҳри Маскаванд, ки оё вуҷуди ангезандаи полиомелитро дар бадани ин маризи дуввум, ки як духтараки панҷсола будаааст, таъйид хоҳад кард ё хайр. Вале Курятников афзуд, ки ташхиси зоҳирӣ ба ҳамин бемории сироятӣ ишора мекунад.
Бино ба гузориши телевизиони Русия, идораи давлатии Роспотребнадзор феълан дар садади таҳияи қарори вижаест, ки аз полиомелит воксин задани тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Челябинскро ҳатмӣ хоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG