Пайвандҳои дастрасӣ

200 000 кӯдаки коргар дар Тоҷикистон


Як таҳқиқоти ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ, ки дар арафаи 12 июн, Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо кори кӯдак нашр шуд, маълум кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 200 000 кӯдак ба шеваҳои мухталифи кор фаро гирифта шудаанд. Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози барномаи аз байн бурдани кори кӯдак дар Созмони байналмилалии кор вазъи кори кӯдак дар Тоҷикистонро “хеле риққатовар” ва “як дарди миллӣ” ном бурда, гуфтааст, истифода аз кори кӯдак дар ин кишвар аз фақру нодорӣ об мехӯрад. Ба гуфтаи ӯ, бахусус атфоли аз 5 то 14-сола ба кори сангин ҷалб шудаанд ва тақрибан 10 дарсад аз атфоли коргар аслан ба мактаб намераванд.
Таҳқиқоти созмони байналмилалии “Наҷоти кӯдакон” аммо мегӯяд, 60 дарсади атфоли ба кор ҷалбшуда дар риштаи кишоварзӣ заҳмат мекашанд. Мошиншӯӣ, ҳаммолӣ ва халтафурӯшӣ дар бозор аз дигар соҳоти ҷалби кӯдакон ба кори ҷисмонӣ унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG