Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ба борҳои Роғун иҷозати убур нахоҳад дод


Тошканд транзити вагонҳои Тоҷикистонро иҷозат медиҳад, вале ба истиснои борҳои марбут ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун. Чунин аст натиҷаи дидори кӯтоҳи руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбакистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, ки рӯзи ҷумъа дар Тошканд дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор шудааст.
Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ду ҷониб ҷиҳати убури бемамониати вагонҳо, аз ҷумла вагонҳои ҳомили маводи сӯхт тавассути Узбакистон, бо шумули масири Тирмиз-Амӯзанг-Қӯрғонтеппа, тавофуқ кардаанд, вале ин тавофуқ молҳои марбут ба нирӯгоҳи Роғунро дар бар намегирад. Раҳмон дар ин дидор омодагии Душанбе ба анҷоми ташхиси байналмилалии фанниву экологии тарҳи Роғунро низ изҳор доштааст.
Саидҷон Ёдгорӣ, як масъули ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан вазъи убури вагонҳо аз марзи Узбакистон, аз ҷумла дар самти вилояти Хатлон беҳтар шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти Тошканд бо раҳбарони Афғонистону Покистон Ҳомиди Карзай ва Осифалӣ Зардорӣ низ як дидори сеҷониба анҷом дода, бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев ҷиҳати як мулоқоти дуҷониба дар моҳи август дар Сочӣ тааҳҳуд кардааст. Гуфта мешавад, дар ин гуфтугӯ вазъи равобити Душанбеву Маскав баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG