Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳмони навбатии мизи гирди барномаи «Садои ҳамватан» чанд нафар аз ҷавонони тоҷиканд, ки дар марказҳои муҳими илмии шаҳри Санкт Петербург рисолаҳои илмии худро барои ҳимоя таҳия мекунанд. Санкт Петербург аз гузаштаҳо ба унвони маркази муҳими илмии Русия ва ҳатто ҷаҳон шинохта шудааст.

Ширкаткунандагони ин сӯҳбати мизи гирд Абдурасул Сангинов ва Дилшод Солеҳов дар синни 32-34-солагӣ дар остонаи ҳимояи рисолаи доктори илми тиб аст. Фаррух Сатторов, номзади илми техникӣ дар бахши иртибототи муосири компютерӣ, Мавҷуда Зуҳурова ва Зоҳира Азизова, аспирантҳои ҷавон, ки дар ояндаи наздик рисолаҳои номзадии худро ҳимоя мекунанд.

Барои шунидани сӯҳбати мизи гирд бо ширкати олимони ҷавони тоҷик ишораи аудио дар гӯшаи саҳфаро «нохун» занед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG