Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба узвияти Эрон дар СҲШ мухолиф аст


Чунин ба назар мерасад, ки Русия мухолифи узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой аст. Дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони ин созмон дар Тошканд Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, кишваре, ки зери таҳримҳои Шӯрои Амнияти СММ қарор дорад, наметавонад ба ин паймони амниятии минтақа ҳамроҳ шавад. Вай дар ин бора тавзеҳоти бештар надод, вале чунин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки 9-ӯми июн Шӯрои Амнияти СММ бар зидди Эрон барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш қатъномаи чаҳоруми таҳримҳоро ба тасвиб расонд. Ҳоло Эрон дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой мақоми нозирро дорост ва мехоҳад ба узвияти он дарояд.
XS
SM
MD
LG