Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши рӯшанфикри тоҷик ба рӯйдодҳои Ӯш


Рӯшанфикрони Тоҷикистон ва нируҳои сиёсии ин кишвар низ ба рӯйдодҳои ахири Қирғизистон вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла Иброҳим Усмонов-таҳлилгари сисёсии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт:

"Роҳи ягонаи он ки чунин вазъ дигар дар Қирғизистон такрор нашавад ё дар давлатҳои дигар ба амал наояд, ин масъалаи риояи қатъии қонун, эҳтиром ба қонун ва дар заминаи қонун кор кардан аст".

Оқои Усмон аз нооромиҳои гузашта дар кишварҳои Шӯравии собиқ ёдовар шуд ва гуфт, дар ҳар кишвар, ки меъёрҳои конститутсионӣ риоят намешавад, чунин рӯйдодҳо аз имкон дур нест.
XS
SM
MD
LG