Пайвандҳои дастрасӣ

Дар миёни 6 нафаре, ки дар озмоишгоҳе дар Маскав ба парвози сохта ба сайёраи Миррих оғоз кардаанд, як табиби тоҷики муқими Маскав, зодаи Душанбе - пойтахти Тоҷикистон Сӯҳроб Камолов низ ҳаст. Ин парвози тахайюлии шашмиррихнавард таҳти унвони "Миррих-500" 520 рӯз идома хоҳад кард.

Тарҳи ин парвози тахайюлӣ ба сайёраи сурх - “Миррих-500” ном дошта, шаш нафар ба истилоҳ “мирихнавард” чанд рӯз пеш дар як маҷтамаъи озмоишии Пажӯҳишгоҳи тиббиву биологии Фарҳангистони улуми Русия, дар шаҳри Маскав, дар як муҳити хеле наздик ба муҳити киштии кайҳонии озими парвозҳои дуре, чун ба Миррих, гӯё ба “парвоз” оғоз карданд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Роскосмос - Оҷонси федеролии кайҳоншиносии Русия, ин, ба истилоҳ “миррихнавардон” 17 моҳи оянда аз ин маҷтамаъи баста берун нахоҳанд шуд. Озмоиш дар киштии кайҳонии тахайюлӣ аз се марҳала иборат аст – 250 рӯзи аввал “миррихнавардон” гуё ба Миррих парвоз мекунанд. 30 рӯзи дигарро онҳо ҳамин тавр, ба сурати тахайюлӣ гӯё дар “Сайёраи сурх” сипарӣ хоҳанд кард ва 240 рӯзи боқимонда сарфи роҳи бозгашти ин шашгона аз Миррих ба Замин хоҳад шуд.

Хоҳишмандони ширкат дар ин парвози озмоишӣ, албата, хеле зиёд буданд ва мутахассисон аз миёни садҳо довталаб танҳо ҳамин шаш нафари ба бовари онҳо варзидатарро интихоб карданд, ки якеаш ҳамватани мо, зодаи шаҳри Душанбе Сӯҳроб Камолов аст.

Бо вуҷуди тахайюлӣ будани ин парвоз Сӯҳроб шояд нахустин нафар аз мардуми фаровоне дар Тоҷикистон аст, ки ба орзуи кайҳоннавард шудан, ки дар аҳди Шӯравӣ барои мисол аксар дар дил мепарварид, беш аз ҳар каси дигар наздиктар шудааст.

Гагарини тоҷик кист?

Аммо ин кайҳонаварди тоҷик кист? Сӯҳроб Камолов номзади илми тиб, ҷарроҳи қалб ва корманди Маркази илмӣ - тиббии ба номи Бакулеви шаҳри Маскав, 38 сол дошта, дар шаҳри Душанбе дида ба ҷаҳон кушодаву соли 1989 мактаби миёнаи рақами 60 пойтахтро хатм кардааст.

Ҳамон сол ба Донишгоҳи тибби Тоҷикистон дохил мешавад. Ӯ ҳамчунин Академияи ҳарбии тиббии шаҳри Санкт-Петербургро низ хатм кардааст. Модари руси ӯ дандонпизик ва падари тоҷикаш низ табиб буда, феълан ҳарду бознишаста шудаанд ва дар Маскав ба сар мебаранд.

Ҳамин тавр, танҳо бародари Сӯҳроб - Хуршед Камолов низ пешаи волидайнро пеша карда, табиб шудааст.

Ибодат Усмонова мудирии мактаби рақами 60-уми Душанбе, ки Сӯҳроб Камолов дар ҳамин ҷо таҳсил кардааст, мегӯяд, хонаводаи ӯ дар соли 2007 аз Душанбе кӯч баст.

Устодони Сӯҳроб дар мактаби рақами 60 мегӯянд, ки шогирдашон аз овони мактабхонӣ ба фанни ситорашиносӣ шавқу рағбат дошт ва баръакси ҳамсабақонаш, ки ин фанн барояшон мушкил буд, аз астрономия ҳамеша баҳои аъло мегирифт. Ҳамчунин ба физика низ рағбат доштааст, аммо бо вуҷуд аз ин фанн баҳои Сӯҳроб 4 будааст.

Яке аз устодони ӯ - Наталя Раҳмонова мегӯяд, аз овони толибилмиаш дида мешуд, ки Сӯҳроб дар оянда чизе мешавад. Аммо дар ҳар иншое, ки дар мавзӯъи интихоби касб менавишт, ҳамеша мегуфт, ки табиб хоҳад шуд.

«Сӯҳроб бачаи ҷиддӣ буд нисбат ба ҳамсинфанаш. Сару либосаш ҳам аз дигарон фарқ мекард. Ҳама вақт бо дипломат ба дарс меомад. Падару модараш табиб буданд, маълум буд, ки дар оилаи табиб тарбия меёбад. Дар хотирам аст, боре як ҳамсинфаш, ки духон буд ва як бачаи дигар ӯро кӯмак мекард ва ман ӯро ҷанг кардам. Сӯҳроб ба сӯи бачаи духон гуфт, чаро намехонӣ барои худат ва ба ҳамсинфи кӯмакунандаашро низ танбеҳ дод, ки мон, худаш одам шавад».

Сӯҳроб феълан дар киштии тахйюлии озими Миррих, дар як муҳити инзивоъ ва тақрибан бурида аз боқии ҷаҳон қарор дорад ва табъан расидан ба сӯҳбати ӯ дастикам то 520 рӯзи дигар, ки ин “парвоз” давом хоҳад кард, ғайри мумкин аст. Аммо ӯ қабл аз “парвоз” дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки довталабон ибтидо 12 нафар буданд, ки баъд аз озмоишҳои сахт 6 нафари ниҳоӣ интихоб шуд. Шарти асосӣ, ба гуфтаи ӯ, сатҳи баланди касбӣ ва ҳузури ҳатмии як табиб дар ҳайъати “миррихнавардон” будааст.

Ҷароҳи дар кайҳон

Сӯҳроб ҳамчунин гуфтааст: “Ҷисман қавӣ будани кайҳонавард шарти асосӣ аст. Ва падарам маро аз хурди маҷбур мекард, ки машқи бештар кунам. Барои мо дар ин озмоиш муҳим он аст, ки ба шароити дохилии киштӣ, ҳар он чизе, ки барои тановул ва талаботҳои дигар омода шудааст, иктифо намуда, мустақилона рафтор кунем. Давоми 250 рӯз ғизоӣ мо маъмулан монанди ғизоҳои замин аст. Аммо, намакаш камтар аст. Шириниҳоро бошад баъди бозгашт хоҳем хӯрд. Вазифаи ман дар кайҳон ҷарроҳии дил аст ва бояд, ки ҳатман вазифаамро иҷро кунам“.

Хабари барои тақрибан якуним сол ба “сафар”-и Миррих рафтани Сӯҳроб Камолов аҳли хонаводаи ӯро ибтидо каме нороҳат кард, вале дар ниҳоят маслиҳат ин шуда, ки Сӯҳробро фотиҳаи роҳ бидиҳанд.

Ва ҳатто писари хурдсоли ӯ - Рустам ҳам шодӣ кардааст, ки падараш кайҳонавард мешавад. Сӯҳроб ва ҳамсараш Парвина як писар ва як духтар доранд. Духтар ӯ Амина ном дорад.

Ба гуфтаи Сӯҳроб 520 шабонарӯз робита бо наздиконаш маҳдуд аст. Зеро дар кайҳон телефон ва интернет нест. Ва ягона василаи робита бо хонавода ирсоли нома ба пажӯҳишгоҳ аст, ки баъдан онро ба дасти миррихнавардон хоҳад расонд.

Дар озмоиши “Миррих-500” ҳамроҳ бо Сӯҳроб Камолов, ду тани дигар аз Русия ва як нафарӣ аз Итолиёву фаронсаву Чин низ ширкат мекунанд, ки касе аз онҳо собиқаи кайҳоннавардӣ надорад.

Евгений Дёмин, раиси бахши фаннии барномаи “Миррих-500” гуфт, парвози озмоишии миррихнавардон соат ба соат ҳама барномарезӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, низоми кор дар ин киштии кайҳонии тахайюлӣ низ 8-соатӣ буда, “миррихнавардон” бояд 8 соатро барои озмоишҳои илмӣ ва таъмини кори киштӣ, 8 соатро ҳатман барои хоб ва боқӣ 8 соати дигарро барои корҳои инфиродӣ масраф кунанд.

Аъзои ҳайъат 24 соат дар шабонарӯз таҳти назорати видеоӣ қарор хоҳанд дошт, ки ин низ як шарти қарордоди онҳост.

Евгений Дёмин афзуд, ки аҷаб нест миррихнавардон дар вазъи изтирорӣ ҳам қарор бигиранд – созмондиҳандагони барномаи “Миррих-500” – ЕКА ё Оҷонси кайҳонии Аврупо ва Пажуҳишгоҳи тиббиву биологии Фарҳангистони улуми Русия мехоҳанд вазъи ғайримунтазираеро низ озмоиш кунанд, ки шояд дар истгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ ба вуқӯъ пайвандад.

Озмоиш фақат дар сурате қатъ карда мешавад, ки агар вазъ хело сангин шуда, барои ҳаёти онҳо таҳдиде ба миён биёяд. Ин метавонад марбут ба саломатӣ ё марбут ба техника бошад. Дар дигар ҳолатҳо, ҳатто озмоишро тарк кардани яке аз аъзои экипаж наметавонад мунҷар ба қатъи озмоиш шавад.

Кайҳонавардӣ орзуи даҳҳо насли тоҷик

Парвози инсон ба коинот собиқаи тақрибан 50-сола дошта, аз парвози кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин оғоз мегирад. Ин парвоз дар дили даҳҳо миллион наврасу ҷавонони шӯравӣ, аз ҷумла дар қалби кӯдакону ҷавонони тоҷик тухми орзуи кайҳоннавард шуданро кошт.

Таърихшинос Ёрмуҳаммад Назармамадов низ мегӯяд, ин ҳавасро ҳамеша дар дил дошт, вале ба маҳзи мушкилоти моддӣ аз нимаи роҳ пас гашт ва таҳсилро дар яке аз омӯзишгоҳҳои низомии Маскав бас кард:

«Сӯҳроб дар Русия мувафақ шудааст. Тоҷикистон бо ин шароите ки дорад дар 100 соли дигар кайҳонавард тайор карда наметавонад ва дар анедшаи ингуна кадр ҳам нест».

Аммо дар даврони Шӯравӣ ба ягон нафар аз Тоҷикистон муяссар нашуд, ки ба кайҳон парвоз кунад. Ба фарқ аз тоҷикон, Қазоқистон бо кайҳоннавардаш Владимир Ҷонибеков ва Қирғизистон бо Солеҳҷон Шарифов ифтихор мекунад. Қазоқистон, ки Байконур, бузургтарин пойгоҳи кайҳонии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави ӯ воқеъ буд ва акнун ба ин кишвар тааллуқ мегирад, теъдоди кайҳоннавардонашро 5 нафар мегӯяд, ки аз ин миён ду нафараш Тӯктар Абӯбакиров ва Талъат Мӯсобоев қазоқ ва сеи дигараш аз рустаборанд.

Ва акнун бо вуҷуди тахайлӣ будани парвозаш ба Миррих, шояд Сӯҳроб Камоловро ҳам метавон ба намояндагӣ аз мардуми тоҷик ба ин феҳрасти пурифтихор шомил кард.

Дар ҳар сурат, оғози роҳ гузошта шуд ва ҳавасҳои кушташудаи чандин наслро, ки натавонист орзуи кайҳоннавард шуданро ҷомаи амал бипӯшонад, Сӯҳроб Камолов ва Сӯҳробҳои баъдӣ амалӣ гардонанд ва номи мардумеро, ки имрӯзҳо дар Русия, барои мисол, бештар ҳамчун як мардикорӣ дар ивази пули ночизе барои ҳар кори сиёҳ муаррифӣ мешавад, ба тарзу гуна ва рангҳои нав муаррифӣ кунанд.

Дар ҳар сурат, худи Сӯҳроб гуфтааст, ки Тоҷикистонро ҳамеша ёд мекунад, бахусус манзараҳои дараи Варзобро. Ва ният дорад, баъди бозгашташ аз “сафар”-и Миррих ҳамроҳ бо аҳли хонавода ҳатман ба зиёрати зодгоҳаш - Душанбе биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG