Пайвандҳои дастрасӣ

Паноҳҷӯёни узбак дар Қазоқистон боздошт шуданд


Мақомоти интизомии Қазоқистон мегӯянд, ки онҳо чанд нафар аз паноҳҷӯёни Узбакистонро бино ба дархости Тошканд боздошт ва зиндонӣ кадаанд. Додситонии Алмаато нагуфтааст, ки чанд нафарро ба зиндон андохтаанд. Аммо аъзои хонаводаи боздоштшудагон мегӯянд, ки аз як гурӯҳи 40 нафарии паноҳҷӯён 25 нафар боздошт шудаанд. Рӯзи панҷшанбе завҷаҳои баъзе боздоштшудагон бо рӯмолу фаранҷӣ бар сар дар назди раёсати корҳои дохилаи шаҳри Алмаато гирдиҳам омаданд, то дар бораи сарнавишти шавҳаронашон маълумот ба даст оранд.
XS
SM
MD
LG