Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯш 23 нафар кушта ва 340 нафар захмӣ шудаанд


Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, дар нооромиҳои рӯзи ҷумъа дар шаҳри Ӯш 23 нафар кушта, 340 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд. Ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар Ӯш ва се ноҳияи атрофи он, ки садҳо нафар ҷавонон бо аслиҳа ва чӯбу оҳан дарт даст шабона дар кӯчаву хиёбонҳо бар зидди якдигар ҷангиданд, вазъи изтирорӣ эълон кард. Роза Отунбоева- раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон зимни суханони худ аз телевизиони кишвараш гуфт:

"Дар натиҷаи тадобири гирифта ба мо муяссар шудааст, ки талошҳои урсурҳои харобкорро боздорем. Нируҳо ба нишонаи ҳушдор ба ҳаво тир андохтанд. Техникаи зиреҳҳдори низомӣ барои таъмини амнияту оромӣ вориди шаҳр шудаст".


Баъзе мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ин даргириҳо миёни аҳолии қирғиз ва узбаки шаҳр рух додааст. Дар ҷараёни ин нооромиҳо шишаҳои мағозаҳоро шикастаанд, мошинҳоро оташ задаанд ва мағозаҳоро тороҷ кардаанд. Амрико ва Русия, ки пойгоҳҳои низомиашон дар Қирғизистон мустақаранд, ҷонибҳои даргирро ба оромӣ даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG