Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев хостори ташкили як марказ дар СҲШ шуд


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон дар мулоқоти раҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тошканд пешинҳод кард, ки маркази минтақаии СҲШ барои пешгирӣ аз рӯйдодҳои ногаҳонӣ дар Қазоқистон ҷой дода шавад. Вай зимни пешниҳоди худ гуфт, иҷоди чунин марказ имкон медиҳад, ки сатҳи ҳифозати кишварҳои СҲШ аз офатҳои табиӣ боло равад. Назарбоев пешниҳод кард, ки дар ояндаи наздик механизми воқеии амнияти иттилоъотӣ дар қаламрави кишварҳои узви ин созмон таҳия шавад. Оқои Назарбоев ҳамчунин изҳор дошт, ки ҳоло дар чаҳорчӯбаи СҲШ ҳамаи заминаҳо барои ташкили як ниҳоди энержӣ вуҷуд дорад ва он метвонад аз манофеи масрафкунандагон, тавлидкунандагон ва интиқолдиҳандагони захоири энержӣ ҳимоят кунад.
XS
SM
MD
LG