Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш» бахшида ба Ҷоми ҷаҳонии футбол


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки аз 11-уми июн то 11-уми июли соли равон дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, бахшида шудааст.

Нуздаҳумин давраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон рӯзи 11-уми июн бо бозии тими мизбон - Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) ва мунтахаби Мексика дар шаҳри Йоханнесбург, дар варзишгоҳи Soccer City Stadium (ғунҷоишаш 104 000 тамошогар), оғоз меёбад.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ вориди сабқат мешавад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.

Барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Йоханнесбург, дар варзишгоҳи Soccer City Stadium барпо мегардад, муайян хоҳад шуд.

Дар ҳоле ки дар Африқои Ҷанубӣ 32 тими миллӣ вориди сабқат мешавад, дар Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии футболи кишвар ҷараён дорад. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 22 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 21 имтиёз ҷои дуввум ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 18 имтиёз ҷои севумро касб кардаанд.

Дастаи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бо 14 имтиёз дар ҷои чаҳорум ҷойгир шудааст. Футболбозони Ваҳдат ахиран дар ду бозии сабқати Лигаи олӣ ҳам дар майдони худ ва ҳам дар меҳмонӣ бар тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби якхелаи 2-1 пирӯз шуданд. Дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Мирзо Ёдгоров, раҳбари бошгоҳи футболи «Парвоз», ва Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари дастаи «Хайр».

Инчунин дар ин барнома бархе аз кормандони соҳаи варзиш ба суолҳои мо «Ба кадом даста мухлисӣ мекунед?» ва «Ба андешаи Шумо кадом даста имсол қаҳрамони футболи ҷаҳон мешавад?» посух медиҳанд.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG