Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Равшан»


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 5-0 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, Фарҳод Тоҳиров як гол, Юсуф Рабиев ва Дилшод Восиев дуголӣ ба самар расонданд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 22 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо 21 имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо18 имтиёз дар ҷои саввум аст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 12-уми июн

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ

8

7

1

0

29-3

22

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

9

6

3

0

20-4

21

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

9

5

3

1

12-7

18

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

9

4

2

3

14-13

14

5.

«Энергетик» (Душанбе)

9

3

2

4

13-13

11

6.

«Парвоз» (Б.Ғафуров

9

2

2

5

11-16

8

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

9

1

4

4

11-19

7

8.

ССКА«Помир» (Душанбе)

9

1

4

4

5-16

7

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

9

0

1

8

4-28

1


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бозигари «Регар» ТадАЗ Давронҷон Тухтасунов бо 10 гол дар ҷои аввал мебошад. Ҳамдастаи ӯ Жаилтон Оливейра ва капитани "Истиқлол" Юсуф Рабиев 8-голӣ задаанд.

Даври 11-ум
12-уми июн (шанбе)

«Хайр» - «Энергетик»
«Регар» ТадАЗ – «Хуҷанд»

13-уми июн (якшанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»
«Вахш» - «Парвоз»
XS
SM
MD
LG