Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин вокунишҳо ба рӯйдодҳои имрӯзи Ӯш


Дар робита бо нооромиҳои шаҳри Ӯш нахустин вокунишҳои байналмиллалӣ ба нашр мерасад. Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия зимни суханони худ дар мулоқоти солонаи раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тошканд чунин гуфт:

"Қирғизистон яке аз муассисони СҲШ ва муттаҳиду ҳамкори наздики мост. Мо самимона хостори он ҳастем, ки Қирғизистон марҳалаи кунунии нооромиҳои дохилии худро ҳар чӣ зудтар паси сар бикунад ва ҳадафҳои худро барои иҷоди низоми нави давлатдорӣ амалӣ созад, низоме, ки битавонад бо душвориҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мубориза барад".


Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ба унвони кишвари мизбони мулоқоти Шонгҳой гуфт, ин созмон нозирони худро барои назорат бар ҷараёни райпурсии 27-ӯми июни Қирғизистон мефиристад. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ зимни суханони худ дар мулоқоти Тошканд гуфт, рӯйдодҳои ахири Қирғизистон нишон медиҳад, ки механизми вокуниш ба чунин рӯйдодҳо зарур аст.
XS
SM
MD
LG