Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Аҳмадинежод аз қатъномаи нави ША СММ


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон қатъномаи чаҳорӯми Шӯрои Амнияти СММ-ро дар бораи таҳримҳои нави зидди Эрон "асбобе дар дасти Амрико" арзёбӣ кард ва афзуд таҳримҳои нави Шӯрои Амният пиромуни барномаҳои ҳастаии кишвараш "натиҷа нахоҳад дод". Вай ин суханонро зимни боздидаш аз Шонгҳой дар Намоишгоҳи байналмиллалии Экспо изҳор дошт. Рӯзи чаҳоршанбе Чин аз таҳримҳои нави зидди Эрон дар Шӯрои Амният ҳимоят кард. Кишварҳои ғарбӣ бим доранд, ки Эрон аслиҳаи ҳастаӣ иҷод мекунад, вале Эрон ин гуфтаҳоро қабул надорад.
XS
SM
MD
LG