Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ӯши Қирғизистон 17 нафар кушта шуд


Бино ба гузоришҳо, дар як задухӯрди ногаҳонӣ дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ,дастикам, 17 нафар кушта шудаанд. Баъд аз ин задухӯрди хушунатбор мақомоти ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар шаҳр вазъи изтирорӣ эълон карданд ва ба шаҳр ниру ва техникаи зиреҳдори низомӣ фиристода шудааст. Бино ба гузоришҳо, дар ин нооромиҳо тақрибан 1000 нафар аз ҷониби гурӯҳҳои рақиб ва ҷавонон ширкат доштаанд. Вазорати беҳдошти Қирғизистон гузориш медиҳад, ки 200 нафар бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ҷараёни ин нооромиҳо шишаҳои мағозаҳоро шикастаанд, мошинҳоро оташ задаанд ва мағозаҳоро тороҷ кардаанд. Баъзе хабаргузориҳо гузориш додаанд, ки ин нооромиҳо ангезаи қавмӣ ё миллӣ доштааст ва миёни аҳолии қирғиз ва узбактабори шаҳр сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG