Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи охирин хабарҳо аз Ӯши Қирғизистон, шумораи кушташудагон дар нооромиҳои ин шаҳр ба 49 нафар ва шумораи афроди захмӣ ба 600 нафар расидааст. Ҳукумати муваққатии Қирғизистон дар ин шаҳр ва се ноҳияи атрофи он вазъи изтирорӣ эълон кардааст.

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, зимни суханони худ аз телевизиони кишвараш гуфт, "дар натиҷаи тадобири гирифта ба мо муяссар шудааст, ки талошҳои унсурҳои харобкорро боздорем. Нирӯҳо ба нишонаи ҳушдор ба ҳаво тир андохтанд. Техникаи зиреҳдори низомӣ барои таъмини амнияту оромӣ вориди шаҳр шудааст".

Садҳо нафар ҷавонон шаби панҷшанбе ба ҷумъа бо аслиҳа ва чӯбу пораҳои оҳан дар даст шабона дар кӯчаву хиёбонҳо бар зидди якдигар ҷангиданд. Дар ҷараёни ин нооромиҳо шишаҳои мағозаҳоро шикастаанд, мошинҳоро оташ задаанд ва мағозаҳоро тороҷ кардаанд.

Бино ба хабарҳо, ин нооромиҳо ангезаи миллӣ доштааст ва миёни қирғизҳо ва узбакҳои ин минтақа рух додааст. Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз ҳукумати муваққатии Қирғизистон хост, ки ба масъалаҳои миёни қавмҳои сокин ва муносиботи байни онҳо дар кишвараш таваҷҷуҳи хос дошта бошад.

Вокуниши сарони СҲШ ба ҳаводиси Қирғизистон

Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай хостори хатми хушунатҳо дар Қирғизистон шуда ва гуфтаанд, ки ба амри бозгашти субот ва барқарории дубораи назми қонун дар ин кишвар мусоидат хоҳанд кард. Инчунин ба зарурати таъсиси механизми вокуниш ба ин гуна чолишҳо таъкид шудааст.

Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия зимни суханони худ дар мулоқоти солонаи раҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд гуфт: "Қирғизистон яке аз муассисони СҲШ ва муттаҳиду ҳамкори наздики мост. Мо самимона хостори он ҳастем, ки Қирғизистон марҳалаи кунунии нооромиҳои дохилии худро ҳар чӣ зудтар паси сар бикунад ва ҳадафҳои худро барои иҷоди низоми нави давлатдорӣ амалӣ созад, низоме, ки битавонад бо душвориҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мубориза барад".

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ба унвони кишвари мизбони мулоқоти Шанхай гуфт, ин созмон нозирони худро барои назорат бар ҷараёни раъйпурсии 27-уми июни Қирғизистон мефиристад.

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ зимни суханони худ дар мулоқоти Тошканд гуфт, рӯйдодҳои ахири Қирғизистон нишон медиҳад, ки механизми вокуниш ба чунин рӯйдодҳо зарур аст. Ӯ хостори кӯмаки ҳамаи кишварҳои узви ин созмон барои бозовардани субот ва барқарории назм дар Қирғизистон шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин хостори фаъолтар шудани Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар амри мусоидат ба таъмини субот дар Афғонистон шуд. Ӯ гуфт, ки фаъолияти СҲШ дар дар Афғонистон ба такмил ниёз дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ба зарурати таҳияи роҳкорҳои коромади вокуниши сареъи ин созмон таъкид кард.

Даргириҳои мусаллаҳона дар ҷануби Қирғизистон

Шаби 10 ба 11 июн бар асари даргириҳо ва хушунати мусаллаҳонаи миёни ду гурӯҳи ҷавонон дар шаҳрҳои Ӯш ва Қаросӯ, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, 23 нафар ба ҳалокат расида ва беш аз чорсад нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Ин иттилоъро мақомоти ҳукумати муваққатии Қирғизистон таъйид карданд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Тошканд, зимни нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой маҳз авзоъ дар Афғонистон ва Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури давраи гузариши Қирғизистон субҳи рӯзи ҷумъа зимни як хитобаи фаврӣ ба мардуми кишвараш гуфт, ки дар чанд ҳафтаи ахир байни гурӯҳҳои мухталифи ин минтақа ихтилофҳо сар задаанд.

Ба гуфтаи Отунбоева, нерӯҳои мухолифи ҳукумати нав мехоҳанд, ба раванди ҳодисаҳое, ки 7 -уми апрел шурӯъ шудаанд, муқовимат нишон диҳанд.

Ӯ мегӯяд: «Онҳо талош доранд, ки бархӯрди ҳукумати кӯҳнаву навро ба хушунати байни ду миллат табдил диҳанд».

Ӯ мардуми кишварашро ба сулҳу субот даъват кард ва афзуд, ки соати дуи шаби гузашта дар ҷаласаи фаврӣ ҳукумати муваққатӣ дар шаҳрҳои Ӯш, Ӯзган, Қаросӯ ва ноҳияи Аравони вилояти Ӯш вазъияти фавқулодда эълон кард.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури давраи гузариш, фиристодаи хоси ҳукумати муваққатӣ ва вазири дифоъ генерал Исмоил Исоқов, ноибони раиси ҳукумати муваққатӣ Азимбек Бекназаров ва Омурбек Текебоев ва як гурӯҳ раҳбарони ниҳодҳои қудратии ҳукумати муваққатӣ ба минтақаи ҷануб фиристода шуданд.

Ба гуфтаи Роза Отунбоева 5 нафар таъсисгарони беназмиҳои Ӯш мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Ӯ мардуми кишварашро итминон дод, ки вазъият дар вилояти Ӯш аллакай барқарор шудааст ва нерӯҳои ниҳодҳои махсус дар саросари Қирғизистон амнияти мардумро таъмин хоҳанд кард.

Тибқи хабарҳои расида филармонияи вилоятии Ӯш, даҳҳо мағозаву дӯконҳо, қаҳвахонаву ошхонаҳоихусусӣ ба коми оташ фурӯ рафтаанд. Ҳамчунин ду хобгоҳи донишгоҳи давлатии шаҳри Ӯш низ оташ гирифтааст.

"Қирғизистон ба кӯмаки низомии ҳамсояҳо ниёз надорад"

Омурбек Текебоев ба Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ташаннуҷи авзоъ дар вилояти Ӯш кишвараш ба ягон кӯмаки кишварҳои ҳамҷавор ниёз надорад ва нерӯҳои иловагии низомӣ ба вилояти Ӯш сафарбар шудаанд, то ки авзоъро ба эътидол оваранд.

Ба гуфтаи ӯ дар чанд ҷои шаҳри Ӯш гурӯҳ-гурӯҳ мардум гирди ҳам омадаанд ва аъзои ҳукумати муваққатӣ дар миёни онҳо корҳои таблиғотӣ мебаранд.

Дар ҳамин ҳол вазорати дохила иттилоъ дод, ки садоҳои тарпарронӣ дар шаҳри Ӯш ва атрофи он бас гардидааст. Гуфта мешавад, ки Бақит Олимбеков, ноиби вазири дохила комендати шаҳри Ӯш таъйин карда шуд.

Ҳодисаҳои Ӯш - сӯйқасд ба раъйпурсии Қонуни Асосӣ?

Марс Сариев, коршиноси масоили сиёсии қирғиз мегӯяд, ки ин аксуламалҳо ба хотири баргузор нашудани референдум, ки ба 27 иню муқаррар шудааст, равона мебошад.

Ба гуфтаи ӯ ташаннуҷи авзоъ дар ҷануби Қирғизистон ба манфиати мухолифони ҳукумати муваққатӣ аст. Вай мегӯяд, таҳаввулоти Ӯш тақозо мекунад, ки раҳбарии кишвар ба дасти шахси қавиирода супурда шавад.

Тохтагул Какчикеев, коршиноси дигари қирғиз мӯътақид аст, ки минтақаи ҷануб ҳамеша минтақаи мушкили Қирғизистон маҳсуб меёфт, вале бархӯрди ҳукумати муваққатӣ ҷавобгӯи он нест, ки аз ин авзоъ ҷилавгирӣ карда тавонад.

Вай мегӯяд, дар иен шароит боят пахши шабакаҳои мустақили садову симоро мутаваққиф сохт ва фақат шабакаҳои давлатӣ фаъолият кунанд.

Ба гуфтаи Тохтагул Какчикеев ин ҳодисаҳо шабеҳи ҳодисаҳои соли 1990 аст, ки байни ду қавми сокини ин минтақа даргириҳо рух додаанд.

Ба таъкиди ӯ, дар ҷомеаи Қирғизистон ваҳдату ягонагӣ вуҷуд надорад, ки ба ин натиҷаҳо сабаб шудааст.

Низоъи қавӣ имкон дорад?

Суйун-ҳоҷӣ Қалиқов, муфтии вилояти Ӯш мегӯяд, понздаҳ рӯз пеш нишонаҳои ин даргириҳо ба мушоҳида мерасиданд ва ӯзбектаборони минтақаи «Он Адир»-и шаҳри Ӯш бо таъсиси як гирдиҳамоӣ овоза пахш намуданд, ки ӯзбектаборон дар ноҳияҳои дигари Ӯш мавриди тазйиқ ва лату кӯб қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ иштирокчиёни ин гирдиҳамоӣ огаҳ карда шуданд, ки низоъангезӣ оқибатҳои бад дорад.

Нур Умаров, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, беназмиҳо дар Ӯшро ягон нерӯи сиёсӣ таъсис надодааст. Ба гуфтаи ӯ ин даргирӣ дар миёни ду қавм ба вуҷуд омадааст ва агар ҳукумат дар ин маврид чораҳои мушаххас наандешад, такрори ҳодисаҳои соли 1990 аз эҳтимол холӣ нест.

Тибқи хабарҳои расида дар баъзе минтақаҳои шаҳри Ӯш ва ноҳияҳои атрофи он одамон баррикадаҳо сохтаанд, то ки аз вуқӯи ҳодисаҳои дигари номатлуб ҷилавгирӣ кунанд.

Бино ба ин хабарҳо дар донишгоҳи ӯзбеку қирғизи шаҳри Ӯш ду гурӯҳ вориди даргирӣ шудаанд ва се нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ин даргирӣ тавассути нерӯҳои интизомӣ пароканда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG