Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои мусаллаҳона дар шаҳри Ӯши Қирғизистон


Мақомоти Қирғизистон ба хотири фӯру нишондани бенизомиву хушунат дар шаҳри Ӯш вазъи фавқуллода эълом карда ва ба инҷо сарбоз ва зиреҳпӯш фиристодаанд. Фарид Ниёзов, сухангӯи давлати муваққат дар Қирғизистон гуфтааст, ки вазъи фавқуллода дар ноҳияҳои Қаросӯ, Арава ва Узгени шаҳри Ош эълом шудааст ва то 20 июн идома мекунад. Ба гуфтаи ӯ, қарор дар мавриди эъломи вазъи фавқуллода, баъди он муноқишаҳои мусаллаҳона миёни гурӯҳҳои ҷавонон гирифта шуд. Бар асари муноқиша дасти кам 4 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, дар муноқишаву бенизомиҳо ҳудуди 1000 нафар ширкат доштанд, ва гурӯҳҳои ҷавонон бо низоъ бо ҳамдигар, харобкорӣ мекарданд, мағозаҳоро медузиданд ва мошинҳоро оташ мезаданд.
XS
SM
MD
LG