Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, фурӯши S-300 ба Эронро хориҷ аз таҳримот аст


Русия мегӯяд, таҳримоти тозаи Созмони Милал алайҳи Эрон, ба муомилаи таҳвили системаи мушакии пешрафтаи он кишвар ба Эрон таъсир нахоҳад дошт. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, дирӯз дар Тошканд гуфт, таҳримоти нав танҳо «ҳамкориҳо бо Эрон дар арсаи силлоҳҳои муҳоҷимиро” маҳдуд мекунад. Ӯ гуфт, “ин маҳдудиятҳо ба системи дифоъи мушакии S-300 низ иртибот мегирад.“ Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, қатъномаи Шӯрои Амният фурӯши системаи мазкур ба Эронро мамнӯъ накардааст, вале Иёлоти Муттаҳида аз худдории Русия барои таҳвили S-300 ба Эрон қадрдонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG