Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мойил ба бозгашти марзбононаш ба Тоҷикистон?


Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти федеролии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Русия гуфтааст, бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон барои ҳифзи марзаш бо Афғонистон ба манфиати кор мебуд. Аммо гуфтааст, ӯ ба хабаргузории “Интерфакс”, чунин қарорро бояд раҳбарони кишвараш қабул кунанд. Русия чанд сол пеш бо дархости Тоҷикистон, нерӯҳояшро аз марзи кишвар бо Афғонистон ихроҷ кард. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки баъди ин қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба Русия афзудааст, чизе, ки мақомоти расмии Тоҷикистон рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG