Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лағви сафари Дейвид Кемерон ба ҷануби Афғонистон


Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, аз бими ҳамла ба ӯ дар Афғонистон, аз сафари пешбинишуда ба пойгоҳи низомии кишвараш дар ҷануби Афғонистон даст кашид. Дастёронаш мегӯянд, бино ба иттилоъи дарёфтӣ, аз ҷумла аз гуфтӯгуҳои телефонӣ, ифротгароён дар Афғонистон аз сафари Дейвид Кемерон хабардор шуда ва нақшаи ҳамлаи мушакӣ ба чархболи ӯро мекашидаанд. Дейвид Кемерон дар нахустин сафараш ба Афғонистон дирӯз бо раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай, мулоқот кард ва ҳамчунин аз як таълимгоҳи сохтаи бритониёҳо дар шаҳри Лашкаргоҳ боздид кард. Аз замони суқути Толибон дар Афғонистон дар соли 2001, Бритониё 294 сарбозашро дар инҷо талаф додааст.
XS
SM
MD
LG